Illustration Таҳия

Кор карда баромадани Маљмўи Маълумоти Асосии Партовҳо ва Нақшаи Фаъолият оид ба Рушди Устувори Энергетикї

Таҳияи Маљмўи Маълумоти Асосии Партовҳо ва Нақшаи Фаъолият оид ба Рушди Устувори Энергетикї бо ҷонибҳои манфиатдор ва бошандагон

Дарёфти дастгирии шаҳрвандон ва ҷонибҳои манфиатдор

Таҳияи Маљмўи Маълумоти Асосии Партовҳо ё Нақшаи Фаъолият оид ба Рушди Устувори Энергетикї (НФРУЭ) захираҳои зиёдро талаб мекунад. Шаҳрдорӣ, хусусан агар он хурд бошад, метавонад имкониятҳои кофии кадрӣ/молиявӣ барои амалӣ кардани нақшаҳои худ надошта бошад.
Барои машварати иловагӣ бо мизи дастгирӣ тамос гиред.

Ҷалби шаҳрвандон низ яке аз воситаҳои таҳрик додани тағирот дар рафтор аст. Ҳамчун имзокунандаи имзокунандаи Аҳднома, шумо инчунин ӯҳдадоред, ки шаҳрвандонро ба раванд сафарбар ва ҷалб намоед. Баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ бо мақсади таҳрики тағири рафтор дар самти истифодаи самараноки захираҳо ва ҳамоҳангсозӣ унсурҳои муҳими муваффақияти шумо ҳастанд!

Саволҳо?

Танзимгарони Аҳднома

  1. Танзимгари Аҳднома чист?

Муассисаҳои энергетикӣ

  1. Чаро бояд муассисаҳои энергетикӣ ба Аҳдномаи Мэрҳо ҷалб карда шаванд?
  2. Нақш ва вазифаҳои потенсиалии муассисаҳои энергетикӣ аз чӣ иборат аст?

Тартиб додани Маљмўи Маълумоти Асосии Партовҳо

Сарфи энергия ва партови CO2 дар сатҳи маҳаллӣ аз омилҳои бисёре вобаста аст: Сохтори иқтисодӣ, сатҳи фъолияти иқтисодӣ, шумораи ва зичии аҳолӣ, характеристикаҳои биноҳо, истифода ва дараҷаи рушди воситаҳои гуногуни нақлиёт, муносибати шаҳрвандон, иқлим ва ғайра.

Баъзе омилҳо метавонанд адр муддати кӯтоҳ таъсир кунанд (аз қабили муносибати шаҳрвандон), дигарашон бошанд дар муддати миёна ё тӯлонӣ (самаранокии сарфи энергия дар биноҳо). Дарки таъсири ин параметрҳо, бо гузашти вақт чигуна тағир ёфтани онҳо ва муайян кардани самтҳои кори мақомоти маҳаллӣ муфид аст (дар муддати кӯтоҳ, миёна ва тӯлонӣ). Маљмўи Маълумоти Асосии Партовҳо (МАП) миқдори партови CO2 (ё эквиваленти CO2)ро аз истифодаи энергия дар ҳудуди имзокунандаи Аҳднома муайян мекунад. Он манбаҳои асосии партови CO2 ва имкониятҳои мувофиқи коҳиш додани онро ошкор менамояд.

Таҳияи МАП марҳилаи ибтидоии таҳияи НФРУЭ eмебошад, зеро он дар бораи табиати манбаҳои партови CO2 маълумот дода, дар интихоби чорабиниҳои дахлдор кӯмак мекунад.

Барои маълумоти иловагӣ бо мизи дастгирӣ тамос гиред.

Дар бораи стратегияи дарозмуддати худ тасаввуроти возеҳ ҳосил кунед

Дидгоҳ дар бораи ояндаи энергияи устувор принсипи роҳбарикунандаи имзокунандагони Аҳднома аст. Он ҳамчун омили муттаҳидкунанда барои ҳама ҷонибҳои манфиатдор хизмат мекунад; яъне аз сиёсатмадорони машҳур то шаҳрвандони қаторӣ, корхонаҳои маҳаллӣ ва гурӯҳҳои манфиатдор. Он инчунин метавонад барои муаррифии мақомоти маҳаллӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ истифода шавад.

Дидгоҳи шумо бояд бо ӯҳдадориҳо дар доираи Аҳдномаи Мэрҳо мутобиқат кунад, яъне, он бояд коҳиши 20 % партови CO2-ро дар назар дошта бошад (ҳадди ақалл); аммо он метавонад бузургтар бошад.

Дидгоҳи хуб бояд воқеъбинона бошад, ки бо вуҷуди ин бояд баъзан дорои арзишҳои нав бошад ё баъзе қолибҳои кӯҳнаро шиканад, ки онҳо дигар асоси воқеӣ надоранд. Он ояндаи мақбули шаҳрро тавсиф мекунад ва ба тарви аёнӣ ифода карда мешавад, то барои шаҳрвандон ва ҷонибҳои манфиатдор фаҳмо бошад. Дидгоҳ ва ҳадафҳои худро мушаххас, ченшаванда, бадастоянда, воқеъбинона ва мӯҳлатнок созед!

Шумо метавонед маќсад оид ба камкунии партовњои CO2 ро дар асоси наќшаи “Рушди муќаррарї” барќарор намоед, ки зиедшавии партовњои CO2 дар соли 2020 ба назар мегирад. Чунин усул дар шароите мувофиќ меояд, ки партовњои њарруза хело њам кам аст, вале зиедшавии онњо дар оянда пешгўї карда мешавад, масалан, ваќте ки мамлакат дар раванди рушди иќтисодї ќарор гирифта бошад (ниг: љ. 5, ќ. I ва љ. II Маъмурият).

Саволњо?

  1. Кадом усул дар шароите, ки мамлакат дар раванди рушди иќтисодї ќарор дорад ва партовњои њаррўзаи CO2 хело кам мебошанд, вале зиедшавии онњо дар оянда пешгўї карда мешавад, мувоффиќ аст?

Фаъолиятҳои ҷории худро тақвият диҳед

Дар доираи шаҳрдорӣ натанҳо фаъолият ва сиёсатҳои гуногуни банақшагирӣ вуҷуд доранд, балки имкони кори якҷояи шӯъбаҳои мухталиф низ ҳаст.

Шаҳрдории шумо бояд сиёсатҳо, нақшаҳо, тартибу қоидаҳои шаҳрӣ, минтақавӣ ва миллии мавҷудбударо дар робита бо масъалаҳои энергия ва иқлим дар ҳудуди шаҳрдорӣ муайян кунад. Шумо метавонед дар санадҳои муайн намудаатон ҳадафҳо ва вазифаҳои мабут ба сиёсати энергияи устуворро омӯзед. Ҳамаи омилон ва ҷонибҳои манфиатдорро даъват намуда, ихтилофҳо ва ҳамоҳангиҳои имконпазирро мҳокима каран мумкин аст.

Ҳисоб ва ҷудо кардани захираҳои молиявӣ

Барои таҳия ва амлисозии стратегияҳои дарозмуддат бояд захираҳои молиявӣ муайян карда шаванд, аз ҷумла тақсимоти асосии буҷаи шаҳрдорӣ, мӯҳлатҳои дахлдор ва манбаҳои имконпазири маблағгузории беруна.

Барои маълумоти иловагӣ бо мизи дастгирӣ тамос гиред.

Нақшаи чорабиниҳои худро таҳия кунед

Нақшаи Фаъолият оид ба Рушди Устувори Энергетикї санади стратегӣ ва корӣ буда, чорчӯбаи умумии ҳадафҳои Аҳдномаро муайян мекунад. Он натиҷаҳо Маљмўи Маълумоти Асосии Партовҳо истифода бурда, самтҳои мувофиқтаринро барои чорабиниҳо ва имконоти ноил шудан ба ҳадафи коҳиши партови CO2 муайян менамояд. Он чорабиниҳои мушаххаси коҳишдиҳиро дар ҳамбастагӣ бо мӯҳлатҳо ва вогузоркунии масъулият муқарра намуда, стратегия дарозмуддатро ба амал мубадал мекунад.

Шумо метавонед сохтори Нақшаи Фаъолият оид ба Рушди Устувори Энергетики худро (алахусус, агар шумо дар гузашта нақшаи чорабиниҳо таҳия карда бошед) худатон интихоб кунед.

Шумо метавонед нақшаҳои чорабиниҳои пешниҳодкардаи имзокунандагони Аҳдномаро аз назар гузаронед – фишурдаи НЧЭУҳо дар профилҳои имзокунандагон дастрасаанд. Инчунин, шумо метавонед мсиолҳои мушаххаси чорабиниҳои бомуваффақияти ва қобили пайравии аз ҷониби имзокунандагон/сохторҳои дастгирикунанда амалишударо бубинед – Барои гирифтан мисолҳо аз минтақаи худ бо мизи дастгирӣ тамос гиред!

Барои мутолиа кардани ҳисоботи таҳиякардаи Маркази Муттањиди Тадқиқотии Иттиҳоди Аврупо, ки ба ҳамаи имзокунандагони Аҳднома фишурдаи баъзе методҳо ва воситаҳои мавҷудаи таҳия ва амалисозии НФРУЭро пешкаш мекнуад, инҷо клик кунед.

Саволҳо?

Нақшаи Фаъолият Рушди Устувори Энергетикї (НФРУЭ)

  1. НФРУЭ чист?
  2. Манбаи НФРУЭ чист?
  3. Кадом самтҳо /соҳаҳои чорабаниҳо дар НЧЭУ пешбинӣ карда мешаванд?

Маҳаки кори аъло

  1. Маҳаки кори аъло чист?
  2. Маҳаки кори аъло чӣ тавр пешниҳод карда мешавад?
Twitter
Мубодила тавассути
дастгоҳи мобилии шумо
Facebook
Барои мухлиси
саҳифаи Аҳднома шудан
Номаи ахбор
Обуна ба номаи
ахбори ҳармоҳа
Вурудоти RSS
Дастрас кардани
ахбор дар вақти воқеӣ
Бо дастгирии сиёсии Иттиҳоди Аврупо – DG DEVCO Бо дастгирии сиёсии Иттиҳоди Аврупо – DG DEVCO. Вебсайтро Дафтарҳои Аҳдномаи Мэрҳо ҳамоҳанг мекунанд..
Ахбор | Рӯзнома | Харитаи сайт | Кӯмаки Rss | Қарзҳо | Ҳуқуқӣ