Illustration Сохторҳои маъмурӣ

Таъсиси сохторҳои маъмурии мувофиқ

Барои муваффақ шудани Аҳдномаи Мэрҳо дар мақомоти маҳалли худ, сохтори дохилии маъмурии шумо бояд таҳаввул ва такмил дода шавад. Шуъбаҳои алоҳида бо ваколатҳои мувофиқ бояд вазифадор карда шаванд ва инчунин захираҳои кофии молиявӣ ва инсонӣ барои иҷрои ӯҳдадориҳо дар доираи Аҳдномаи Мэрҳо ҷудо карда шаванд. Таҳияи сиёсати энергияи устувор раванди душвор буда вақти зиёдро талаб мекунад ва бояд ба таври муназзам ва доимӣ ба нақша гирифта ва идора карда шавад. Он ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозиро дар байни шӯъбаҳои маъмурияти маҳаллӣ, аз қабили шӯъбаҳои ҳифзи муҳити зист, заминсозӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, манзиливу коммуналӣ, нақлиёт, буҷа ва молия, таъминот ва ғ. талаб мекунад. Муҳим он аст, ки идоракунии устувори энергия бо чорабиниҳо ва ташаббусҳои дигари шӯъбаҳои дахлдори маъмурияти маҳаллии шумо тақвият дода шавад ва дохил кардани он ба нақшаи умумии мақомти маҳалли шумо бояд таъмин карда шавад.

Twitter
Мубодила тавассути
дастгоҳи мобилии шумо
Facebook
Барои мухлиси
саҳифаи Аҳднома шудан
Номаи ахбор
Обуна ба номаи
ахбори ҳармоҳа
Вурудоти RSS
Дастрас кардани
ахбор дар вақти воқеӣ
Бо дастгирии сиёсии Иттиҳоди Аврупо – DG DEVCO Бо дастгирии сиёсии Иттиҳоди Аврупо – DG DEVCO. Вебсайтро Дафтарҳои Аҳдномаи Мэрҳо ҳамоҳанг мекунанд..
Ахбор | Рӯзнома | Харитаи сайт | Кӯмаки Rss | Қарзҳо | Ҳуқуқӣ