Illustration Луғати истилоҳот

Аҳдномаи Мэрҳо ташаббуси гуногунҷанба буда, доира васеи ширкаткунандагон ва марҳилаҳо ва равандҳои сершумор дорад. Ба воситаи ин луғати истилоҳот, навомадагон метавонанд дар бораи Аҳднома маълумоти муфассал гиранд!

Феҳристи Заминавии Партовҳо

Феҳристи Заминавии Партовҳо ин муайянкунии миқдории партови CO2 дар натиҷаи сарфи энергия дар ҳудуди имзокунандаи Аҳднома дар давоми соли заминавӣ мебошад. Он имкон медиҳад, ки манбаҳои асосии партови CO2 ва имконоти мувофиқи коҳиш додани он ошкор карда шаванд.

Таљрибањои бењтарин

Таљрибањои бењтарин мисолҳои дахлдори ташаббусҳое мебошанд, ки аз ҷониби имзокунандагон, Танзимгарон ва Тарафдорони Аҳднома боиси ифтихори махсусанд ва ҳамчун чорабиниҳои муфид барои такроран амалӣ кардан аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ, вилоятҳо ва ноҳияҳои дигар эътироф шудаанд.

Танзимгарони Аҳднома

Иттиҳоди Аврупо “Танзимгарони Аҳднома”-ро ҳамчун маъмуриятҳои давлатие муайян мекунад, ки ба шаҳрдориҳо то лаҳзаи имзои Аҳдномаи Мэрҳо роҳнамоии стратегӣ ва дастгирии молиявию техникӣ пешкаш мекунанд, аммо барои ҷавобгӯ будан ба талаботи онҳо малакаҳо ва/ё захираҳои зарурӣ надоранд. Комиссия онҳоро ба Танзимгарони Минтақавӣ, ки мақомоти зермиллии номутамарказ, аз ҷумла ҳукуматҳои вилоятҳо, ноҳияҳо ва шаҳрҳо, ҳастанд ва Танзимгарони Миллӣ, ки мақомоти сатҳи миллӣ, аз қабили агентиҳо ва вазоратҳои энергетика, мебошанд, тақсим мекунад.

Дафтари Шарқии Аҳдномаи Мэрҳо

Дафтари Шарқии Аҳдномаи Мэрҳо (ДАМ Шарқӣ), аз ҷониби DG DEVCO Иттиҳоди Аврупо таъсис ёфтааст ва маблағгузорӣ мешавад, ки он барои ҳамоҳангсозӣ ва идоракунии ташаббус дар қисматҳои Аврупои Шарқӣ, Кавкази Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ масъул аст. Он ба имзокунандагон дастгирии маъмурӣ ва роҳнамоии техникӣ пешкаш мекунад, ба шабакаҳои байни ҷонибҳои манфиатдори Аҳднома мусоидат мекунад ва пешбурди фаъолияти онҳоро таъмин менамояд. Ба ғайр аз ДАМ Брюссел, Дафтарҳои ДАМ Шарқӣ дар Лвов (Украина) ва Тифлис (Гурҷистон) имзокунандагонро дар Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон, Туркманистон, Украина ва Ӯзбекистон дастгирӣ мекунад. аз ҷониби консорсиум таҳти роҳбарии Energy Cities идора карда мешавад, ки ба он Climate Alliance, Energy Efficient Cities, Украина, NL Agency ва CAREC Regional Environmental Centre for Central Asia дохил мешаванд.

Тарафдорони Аҳднома

Иттиҳоди Аврупо ҳамчун “Тарафдорони Аҳднома он шабакаҳо ва ассотсиатсияҳои мақомоти миллӣ, минтақавӣ ва маҳаллии Аврупоро муайян мекунад, ки, ки фишанги фаъолияти лобби, тамос ва шабакаҳоро барои пешбурди ташаббуси Аҳдномаи Мэрҳо истифода мекунанд ва имзокунандагони онро дастгирӣ менамоянд.

Муассисаҳои энергетикӣ

Муассисаҳои минтақавӣ ва маҳалли энергетикӣ татбиқи амалияҳои хуби идоракунии энергияро тарғиб мекунанд, мафҳуми устувориро ташвиқ меннамоянд, маълумот ва роҳнамоӣ пешкаш мекунанд ва як қатор хизматрасониҳои ба ниёзҳои энергетикии маҳаллӣ хосро пешниҳод мекунанд. Муассисаҳои энергетикиро мақомоти давлатӣ маблағгузорӣ мекунад.

Мизи кӯмак

Мизи кӯмак интерфейси асосӣ байни мақомоти маҳаллӣ ва Дафтари Аҳдномаи Мэрҳо аст. Он ба имзокунандагон дастгирии умумӣ ва ҳамаҷонибаи техникӣ мерасонад, дар кори методӣ ва мониторинги натиҷаҳо ҳисса мегузорад.

Ҳисобот оид ба амаликунї

Ҳисобот оид ба амаликунї ҳуҷҷате мебошад, ки имзокунандагони Аҳднома ӯҳдадор ҳастанд онро як маротиба дар бу сол пас аз пешниҳод кардани Нақшаи Чорабиниҳои Энергияи Устувор пешниҳод намоянд ва натиҷаҳои фосилавии амалисозии онро тавсиф мекунанд. Мақсади ин ҳисобот баҳо додани натиҷаҳои пешакӣ дар муқоиса бо ҳадафҳои пешбинишуда мебошад.

Маркази Муттањиди Тадќиќотї

Маркази Муттањиди Тадқиқотӣ (ММТ) бахши илмӣ-техникии Иттиҳоди Аврупо мебошад. Он барои пешкаш кардани дастгирии техникӣ ва илмӣ ба ташаббус масъул аст. Он дар ҳамкории зич бо ДАМ кор бурда, ба имзокунандагон дастурҳо ва қолибҳои возеҳи техникӣ пешкаш мекунад, то ки дар иҷрои ӯҳдадориҳо ва мониторинги натиҷаҳои амалисозии Аҳдномаи Мэрҳо кӯмак расонад. Вебсайти ММТ: http://ec.europa.eu/dgs/JRC/

Рӯзи маҳалли энергия

Рӯзҳои маҳалли энергия чорабиниҳое мебошанд, ки аз ҷониби имзокунандагони Аҳднома дар доираи ӯҳдадориҳои расмии онҳо оид ба баланд бардоштани огоҳии аҳолӣ дар бораи имконоти истифодаи оқилонаи энергия ташкил карда мешаванд. Онҳо барои мақомоти маҳаллӣ имкон фароҳам меоранд, ки ҷонибҳои манфиатдор ва шаҳрвандонро ба муҳокимаи умумӣ оид ба таҳия ва амалисозии Нақшаҳои Фаъолият оид ба Рушди Устувори Энергетикї ҷалб намоянд. Онҳо одатан дар як вақти муайян баргузор мешаванд ва тарзи чорабиниҳо метавонад гуногун бошад, аммо одатан семинарҳо, намоишгоҳҳо, экскурсияҳо ва рӯзи дарҳои кушодро дарбар мегиранд.

Нақшаи Фаъолияти оид ба Рушди Устувори Энергетикї

Нақшаи Фаъолият оид ба Рушди Устувори Энергетикї (НФРУЭ) ҳуҷҷати асосиест, ки дар он имзокунандаи Аҳднома шарҳ медиҳад, ки чӣ тавр мехоҳад ба ҳадафи то соли 2020 то 20% коҳиш додани партови CO2 ноил шавад. Он фаъолият ва чорабиниҳоро дар ҳамбастагӣ бо мӯҳлатҳо ва тақсимоти вазифаҳо барои ба даст овардани ҳадафҳо муқаррар менамояд. Имзокунандагони Аҳднома метавонанд мустақилона мундариҷаи НФРУЭ-и худро муйян кунанд, ба шарте ки он бо принсипҳои дар дастури НФРУЭ-и Аҳднома мутобиқат кунанд.

Қолиби НФРУЭ

Қолиби НФРУЭ ҳуҷҷати электрониест, ки имзокунандагони Аҳднома бояд дар реҷаи онлайн бо забони англисӣ ё русӣ пур кунанд. Дар баробари ин, онҳо бояд Нақшаи Фаъолият оид ба Рушди Устувори Энергетикї бо забони давлатии худ пешниҳод мекунанд. Он бо мақсади кӯмак ба имзокунандагон дар эҷоди сохтори фаъолият ва чорабиниҳояшон ва мусоидат ба мониторинг ва пайгирӣ таҳия шудааст.

Webinar

Вебинар як намоиши мустақим ва интерактивӣ дар интернет аст, ки ба ҷонибҳои манфиатдори Аҳднома аз ҷумла ба имзокунандагон, Тарафдорон ва Танзимгарони Аҳднома имкон медиҳад дар лексияҳои аъзоёни ДАМ ё коршиносони дигар дар мавзӯъҳои марбут ба Аҳднома ширкат варзанд.

Twitter
Мубодила тавассути
дастгоҳи мобилии шумо
Facebook
Барои мухлиси
саҳифаи Аҳднома шудан
Номаи ахбор
Обуна ба номаи
ахбори ҳармоҳа
Вурудоти RSS
Дастрас кардани
ахбор дар вақти воқеӣ
Бо дастгирии сиёсии Иттиҳоди Аврупо – DG DEVCO Бо дастгирии сиёсии Иттиҳоди Аврупо – DG DEVCO. Вебсайтро Дафтарҳои Аҳдномаи Мэрҳо ҳамоҳанг мекунанд..
Ахбор | Рӯзнома | Харитаи сайт | Кӯмаки Rss | Қарзҳо | Ҳуқуқӣ