Illustration Аҳдномаи Мэрҳо

Аҳдномаи Мэрҳо ташаббуси асосии аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо оғозшуда аст, ки мақомоти маҳаллӣ ва минтақавиро дар самти гирифтани ӯҳдадории ихтиёрӣ оид ба афзоиш додани самаранокии энергия дар ҳудудҳои мувофиқи худ муттаҳид месозад. Бо ин ӯҳдадории худ имзокунандагони Аҳднома ният доранд, ки то соли 2020 партови CO2-ро ақаллан 20% кам карда, ҳамин тариқ ба рушди сабзи иқтисодӣ ва беҳтар шудани сифати зиндагӣ ҳисса гузоранд.

Аҳднома дар як лаҳза

Пас аз он, ки дар соли 2008 маҷмӯи санадҳои ИА оид ба Иқлим ва Энергияқабул карда шуд, Иттиҳоди Аврупо Аҳдномаи Мэрҳоро оғоз намуд, то кӯшишҳои мақомоти маҳаллиро дар самти таҳия ва амалӣ кардани сиёсати энергияи устувор тасвиб ва дастгирӣ кунад. Дар ҳақиқат, мақомоти маҳаллӣ дар коҳиш додани таъсироти иқлим нақши муҳим доранд, алахусус бо назардошти он, ки 80% масрафи энергия ва партови CO2 бо фаъолияти шаҳрҳо алоқаманд аст.

Тавассути Аҳдномаи Мэрҳо, муассисаҳои ИА иқдомҳои беназиреро оид ба мустақиман ҷалб кардани мақомоти маҳаллӣ ва минтақавӣ пеш гирифта, бо ин роҳ нақши муҳими онҳоро дар ноил шудан ба ҳадафҳои бузург дар самти энергия ва иқлим эътироф намуданд.

Амалҳо худ ҳокианд

Бо мақсади ба чораҳо ва лоиҳаҳои мушаххас табдил доани ӯҳдадориҳои сиёсии худ, имзокунандагони Созишнома вазифањои оид ба омодасозии ва ташкил кардани Маљмўи Маълумоти Асосии Партовҳо (МАП ) ва таҳияи сиёсати энергияи устуворро ба ўњда мегиранд ва пас аз ва зарфияти мувофиқи идоракунии энергия дар маҳалли худ, дар давоми як сол пас аз ба имзо расонидан Нақшаи фаъолияти Чорабиниҳои Рушди Устувори Энергетикї пешниҳод мекунанд, ки чорабиниҳои асосии ба нақша гирифтаи онҳоро тавсиф мекунад.

Ба ғайр аз сарфаи энергия, натиҷаҳои фаъолияти имзокунандагон серҷабҳа аст: дастрасӣ ба хизматрасониҳои энергетикии тоза ва камхарҷ, ба вуҷуд овардани малакаҳо ва ҷойҳои кории доимӣ; уствории молиявӣ ва иҷтимоии бештар, муҳити зисти солимтар; рақобатпазирии иқтисодии бештар тавассути рушди тиҷорат ва инноватсияҳо ва беҳтар сохтани хизматрасониҳо ва инфрасохтори ҷамъиятӣ. Ин чорабиниҳо барои дигарон ҳамчун намуна барои пайравӣ хизмат мекунанд, алахусус тавассути истинод ба “Таљрибањои бењтарин” – пойгоҳи иттилоотии амалияҳои беҳтарин, ки аз ҷониби имзокунандагони Аҳднома пешнҳод мешаванд. Каталоги The Catalogue of Нақшаҳои Фаъолият оид ба Рушди Устувори Энергетикї боз як манбаи беназири таҳрик аст, зеро он дар як лаҳза ҳадафҳои бузурги аз ҷониби имзокунандагони дигар муқарраршуда ва чораҳои асосии барои ба онҳо ноил шудан муайяншударо нишон медиҳад.

Дастгири ҳамаҷониба

Дар кишварҳои имзокунандагон

Дар сурате ки шумораи афзояндаи шаҳрдориҳо иродаи сиёсии худро оид ба ҳамроҳ шудан ба Аҳднома ифода мекунанд, онҳо на ҳамеша дорои имконоти сиёсӣ ва маъмурии зарурӣ ва захираҳои молиявӣ ва техникӣ барои амалисозии ӯҳдадориҳои худ ҳастанд. Аз ин рӯ, дар доираи Аҳднома ба маъмуриятҳои давлатӣ ва шабакаҳое, ки дорои қобилияти кӯмак расонидан ба имзокунандагон дар ноил шудан ба ҳадафҳои бузурги онҳо ҳастанд, мақоми махсус дода шудааст.

Шабакаҳо ё Ассотсиатсияҳои мақомоти маҳаллӣ, ки ҳамчун Тарафдорони Аҳднома маъмуланд, ӯҳдадор мешаванд, ки таъсири ташаббусҳои худро тавассути фаъолияти таблиғотӣ, тамос бо аъзоёни худ ва поатформаҳои мубодилаи таҷриба афзоиш диҳанд.

Аз Дафтарҳои Аҳдномаи Мэрҳо

Кӯмаки таблиғотӣ, техникӣ ва маъмурӣ ҳамарӯза ба имзокунандагони Аҳднома, Ҳамоҳангсозони Аҳднома ваТарафдорони Аҳднома аз ҷониби Дафтари Созишномаи Мэрҳо (ДАМ) дар Брюсселӣ ва давтарҳои фаръии Аҳдномаи Мэрҳо дар Лвов ва Тифлис (ДАМ Шарқӣ) расонида мешавад. Ҳарду дафтарҳо аз ҷониби консорсиуми ташкилотҳое идора мешаванд, ки мақомоти маҳаллӣ, минтақавӣ ва миллиро намояндагӣ мекунанд. Дафтари Аҳдномаи Мэрҳо дар Брюсселӣ барои ҳамоҳангсозии умумии ташаббус масъул аст.

Аз Маркази Муттањиди Тадқиқотӣ

Дар ҳамкорӣ бо Дафтарҳои ДАМ, Маркази Муттањиди Тадқиқотии Иттиҳоди Аврупо ба имзокунандагон дар масъалаҳои техникӣ ва илмӣ кӯмак мерасонад, ки асосан бо Маљмўи Маълумоти Асосии Партовҳо ва Нақшаҳои Фаъолият оид ба Рушди Устувори Энергетикї марбутанд.

Имзокунандагон are guided through the process thanks to a number of tools and methodologies which have been developed in coordination with the ДАМ Offices and ММТ.

Аз муассисаҳои ИА

Дар баробари Иттиҳоди Аврупо, ташаббусҳои Аҳднома аз дастгириии институтсионалии ҳаматарафа бархурдоранд, аз ҷумла, аз ҷониби Кумитаи Минтақаҳо, ки ташабусро аз оғоз дастгирӣ менамояд; Парлумони Аврупо, ки дар онҷо маросими солонаи имзркунӣ баргузор мешавад ва Бонки сармоягузориии Аврупо, ки ба мақомоти маҳллӣ дар кушодани имкониятҳои сармояузориашон кӯмак мекунад.

Twitter
Мубодила тавассути
дастгоҳи мобилии шумо
Facebook
Барои мухлиси
саҳифаи Аҳднома шудан
Номаи ахбор
Обуна ба номаи
ахбори ҳармоҳа
Вурудоти RSS
Дастрас кардани
ахбор дар вақти воқеӣ
Бо дастгирии сиёсии Иттиҳоди Аврупо – DG DEVCO Бо дастгирии сиёсии Иттиҳоди Аврупо – DG DEVCO. Вебсайтро Дафтарҳои Аҳдномаи Мэрҳо ҳамоҳанг мекунанд..
Ахбор | Рӯзнома | Харитаи сайт | Кӯмаки Rss | Қарзҳо | Ҳуқуқӣ