Illustration ҲамчунАссотсиатсия ё шабакаи мақомоти маҳаллӣ

Ассотсиатсияҳо ё шабакаҳои мақомоти маҳаллӣ таҳрикдиҳандагони муҳими тарғиб ва рушди Аҳдномаи Мэрҳо ҳастанд. Дониши чуқури онҳо оид ба шароити маҳаллӣ ва миллӣ онҳоро ба миёнарваҳои беҳамто дар байни Дафтари Аҳдномаи Мэрҳо ва имзокунандагон мегардонад.

Кӣ метавонад иштирок кунад?

Ассотсиатсияҳо ва шабакаҳои мақомоти минтақавӣ ва маҳаллӣ ҳамчун Тарафдорони Аҳднома иштирок мекунанд. Онҳо асосан тарғиби Аҳдномаи Мэрҳоро дар байни аъзоҳои худ ба ӯҳда мегиранд, онҳоро бо раванди Аҳднома ошно мекунанд ва ба мубодилаи таҷриба мусоидат мекунанд.

Ӯҳдадориҳо кадомҳоянд??

Ассотсиатсияҳо ва шабакаҳои мақомоти маҳаллӣ, ки ҳмчун Тарафдорони Аҳднома ҳамроҳ мешаванд, расман ӯҳдадор мешаванд, ки:

  • Аҳдномаи Мэрҳоро тарғиб кунанд ва аъзоҳои ҳамроҳшудаи худро дастгирӣ кунанд;
  • Аҳдномаи Мэрҳоро ошкоро ҳамчун қисмати муҳими сиёсати худ эътироф кунанд;
  • Мусоидат ба мубодилаи таҷриба байни имзокунандагон ва шаҳрҳои номзад;
  • Нақши миёнаравӣ байни аъзоёни онҳо, ДАМ ва расонаҳои ахбори миллӣ/ минтақавӣ;
  • Ҳамоҳангиҳоро бо чорабиниҳо ва ташаббусҳои марбут дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ ошкор кунанд;
  • Дар бораи фаъолияти аъзоёни худ мунтазам ахбор диҳанд, ки оё онҳо Аҳдномаи Мэрҳоро риоя намудаанд ва инчунин Тарафдори Аҳднома хизмат расонидаанд.

Дар сурати беамалӣ ё иҷро накардани ӯҳдадорӣ, Иттиҳоди Аврупо ҳуқуқ дорад, ки иштироки ягон шабакаро ба сифати Тарафдори Аҳднома боздорад.

Чӣ тавр бояд муроҷиат кард?

Барои гирифтани мақоми Тарафдори Аҳднома, шабакаҳои мақомоти маҳаллӣ бояд амалҳои зероо иҷро кунанд:

  • Варақаи онлайни ифодаи манфиатдориро пур кунанд;
  • Пас аз тасдиқи ҳаққи иштирок, варақаи созишномаро пур кунанд, ки бо Иттиҳоди Аврупо дуҷониба имзо мешавад;
  • Пас аз он ки Дафтари Аҳдномаи Мэрҳо онро месозад, профилҳои нави онлайни худро бо маълумоти муфассал дар бораи хизматрасонӣ ва дастгирие, ки онҳо ба имзокунандагон расонидан мехоҳанд, навсозӣ мекунанд.

Чаро бояд иштирок кард?

Тарафдорони Аҳднома аз иштироки худ дар Аҳдномаи Мэрҳо арзишҳои зиёд ба даст меоранд, аз ҷумла имконоти:

  • Тарғиби амалияи хуби аъзоёнашон;
  • Ҳамроҳии беҳтари фаъолияти аъзоён дар самти энергияи устувор;
  • Нишон додани хизматрасониҳои худ ба доираи васеътар
  • Мубодилаи таҷриба бо шабакаҳои дигар ва таъсис шарокатҳо;
  • Манфиат аз тасвиб ва эътирофи Иттиҳоди Аврупо;
  • Ноил шудан ба муаррифии васеътари рӯйдодҳои асос дар робита бо Аҳднома баргузоршуда;
  • Зиёд кардани шумораи аъзоёни онҳо
  • Иштирок дар форумҳо, семинарҳо ва гурӯҳҳои муҳокимавии махсус.
Twitter
Мубодила тавассути
дастгоҳи мобилии шумо
Facebook
Барои мухлиси
саҳифаи Аҳднома шудан
Номаи ахбор
Обуна ба номаи
ахбори ҳармоҳа
Вурудоти RSS
Дастрас кардани
ахбор дар вақти воқеӣ
Бо дастгирии сиёсии Иттиҳоди Аврупо – DG DEVCO Бо дастгирии сиёсии Иттиҳоди Аврупо – DG DEVCO. Вебсайтро Дафтарҳои Аҳдномаи Мэрҳо ҳамоҳанг мекунанд..
Ахбор | Рӯзнома | Харитаи сайт | Кӯмаки Rss | Қарзҳо | Ҳуқуқӣ