Illustration Ҳамчун ноҳия ё вилоят

Муваффақияти Аҳдномаи Мэрҳо ба дараҷаи зиёд аз иштироки фаъолонаи мақомоти давлатии вилоятҳо ва ноҳияҳо ва дигар мақомоти давлатӣ вобастагӣ дорад, ки захираҳо ва ноуғхауҳои худро дар ихтиёри имзокунандагон мегузоранд. Онҳо, ки аз ҷониби Комиссия ҳамчун Танзимгарони Аҳднома эътироф шудаанд, ҳамчун иттифоқчиён дар самти расонидани ғояҳо ва баланд бардоштани таъсири Аҳднома амал мекунанд.

Кӣ метавонад иштирок кунад?

Вилоятҳо, ноҳияҳо, шаҳрҳо ва гурӯҳҳои мақомоти маҳаллӣ… Ҳамагуна мақомоти маҳаллие, ки расман ӯҳдадор мешавад, ки ба имзокунандагони Аҳднома роҳнамоии стратегӣ ва дастгирии молиявӣ ва техникӣ расонад, аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ҳамчун be officially recognized as Танзимгари Аҳднома шинохта мешавад.

Дар сурате, ки мақомоти давлатии дар боло зикршуда ҳамчун "Танзимгарони Минтақавӣ " эътироф карда мешаванд, мақомоти сатҳи миллӣ, аз қабили вазоратҳо ва агентиҳои энергетика низ ҳамчун "Танзимгарони Миллӣ " ҷалб карда мешаванд.

Масисаҳои маҳаллӣ ва минтақавии энергетикӣ наметавонанд мустақиман иштирок. Аммо, ба онҳо аксар вақт аз ҷониби мақомоти давлатӣ ваколат дода мешавад, ки аз номи онҳо амал кунанд. Азбаски иштироки онҳо барои муваффақияти ташаббус муҳим аст, аз онҳо ҷиддан хоҳиш карда мешаванд, ки вилоят ё ноҳияи худро ба ҳамроҳшавӣ ташвиқ кунанд.

Ӯҳдадориҳо кадомҳоянд?

  • Тарғиби Аҳдномаи Мэрҳо дар байни шаҳрдориҳо дар ҳудуди онҳо ва расонидани дастгирӣ ва ҳамоҳангсозӣ ба шаҳрдориҳои ҳамроҳшуда;
  • Расонидани кӯмаки техникӣ ва стратегӣ ба шаҳрдориҳое, ки хоҳиши ҳамроҳ шудан Аҳдномаро доранд, аммо барои омода кардани Нақшаи фаъолият оид ба Рушди Устувори Энергетикї захираҳои кофӣ надоранд;
  • Расонидани кӯмаки молиявӣ ва пешниҳоди имконот ба шаҳрдориҳо дар самти таҳия ва амалисозии Нақшаи фаъолият оид ба Рушди Устувори Энергетикї;
  • Кӯмак дар ташкили рӯзҳои маҳаллии энергия бо мақсади баланд бардошатни огоҳӣ;
  • Ба Комисия пешниҳод кардани ҳисоботи мунтазам дар бораи натиҷаҳо ва иштироки стратегӣ дар амалисозии Аҳднома.

Дар сурати беамалӣ ё иҷро накардани ӯҳдадорӣ, Иттиҳоди Аврупо ҳуқуқ дорад, ки иштироки ягон вилоят ё ноҳияро ба сифати Танзимгари Аҳднома боздорад.

Чӣ тавр бояд муроҷиат кард?

Маъмуриятҳои давлатие, ки ба гирифтани мақоми Танзимгари Аҳднома манфиатдоранд, бояд аз раванди зерин гузаранд:

  • Варақаи онлайни ифодаи манфиатдориро пур кунанд;
  • Пас аз тасдиқи ҳаққи иштирок, варақаи созишномаро пур кунанд, ки бо Иттиҳоди Аврупо дуҷониба имзо мешавад;
  • Пас аз ба имзо расидани созишнома, ҳарду тарафҳо профилҳои нави онлайни худро бо маълумоти муфассал дар бораи хизматрасонӣ ва дастгирие, ки онҳо ба имзокунандагон расонидан мехоҳанд, навсозӣ мекунанд.

Чаро бояд ширкат кард?

  • Ҳиссагузорӣ ба стратегияҳои миллӣ дар масъалаҳои энергетикӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва тағирёбии иқлим.
  • Бартариҳои Танзимгари Аҳднома будан якчандтоянд:
  • Тасвиб ва эътироф аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо;
  • Муаррифии васеъ дар сатҳи байналмилалӣ, асосан тавассути тарғиби фаъолияти онҳо дар вебсайти Аҳднома;
  • Имконияти ҷалб намудани муассисаҳои молиявӣ ва донорҳои байналмилалӣ тавассути Мақомоти маҳаллӣ
  • Мубодилаи таҷриба бо шарикон;
  • Ақидаҳои илмӣ ва техникӣ дар бораи воситаҳо ва методикаҳои истифодашуда;
  • Иштирок дар гурӯҳҳои муҳокимавӣ, семинарҳо ва дигар заминаҳои мубодилаи таҷриба.
  • Ва дар ниҳоят, муттаҳидсозии рушди минтақавӣ ва тақвияти идоракунии маҳаллӣ
Twitter
Мубодила тавассути
дастгоҳи мобилии шумо
Facebook
Барои мухлиси
саҳифаи Аҳднома шудан
Номаи ахбор
Обуна ба номаи
ахбори ҳармоҳа
Вурудоти RSS
Дастрас кардани
ахбор дар вақти воқеӣ
Бо дастгирии сиёсии Иттиҳоди Аврупо – DG DEVCO Бо дастгирии сиёсии Иттиҳоди Аврупо – DG DEVCO. Вебсайтро Дафтарҳои Аҳдномаи Мэрҳо ҳамоҳанг мекунанд..
Ахбор | Рӯзнома | Харитаи сайт | Кӯмаки Rss | Қарзҳо | Ҳуқуқӣ