Illustration Ҳамчун мақомоти маҳаллӣ

Мақомоти маҳаллӣ дар бартараф кардани оқибатҳои тағироти иқлим нақши пешбар доранд. Иштирок дар Аҳдномаи Мэрҳо ба онҳо дар ин самт тавассути дастгирӣ ва имконоти шабакавии Танзимгарони Минтақавии Аҳднома, Тарафдорони Аҳднома, Дафтари Аҳдномаи Мэрҳо, муассисаҳо ва дигар омилони манфиатдор мусоидат менамояд. Дар он ҷойҳое, ки дастгирӣ ҳоло мавҷуд нест, мисолҳо аз кишварҳои дигар метавонанд ба мақомоти маҳаллӣ кумак расонанд, ки ҳукуматҳои худро ба ҳамроҳшавӣ Аҳднома ва амал аз рӯи он моил кунанд.

Кӣ метавонад ҳамроҳ шавад?

Аҳдномаи Мэрҳо барои ҳамаи мақомоти маҳалли ба тариқи демократӣ таъсисёфта бо намояндагони интихобшуда кушода аст, новобаста аз андоза ва марҳилаи амалисозии сиёсат дар самти иқлим ва энергия.

Чӣ тавр бояд ҳамроҳ шуд?

Барои ҳамроҳ шуданд ба ин ташаббуси тавсеаёбанда, мақомоти маҳаллӣ бояд раванди зеринро гузаранд:

  • Ташаббуси Аҳдномаи Мэрҳоро ба шӯрои шаҳрдорӣ пешкаш кунанд;
  • Қабули қарори расми шӯроро оид ба ҳамроҳшавӣ ба Аҳднома таъмин кунанд
  • Ба мэр ё намояндаи ҳамсанги шӯрои шаҳрдорӣ ваколати имзои варақаи ҳамроҳшавиро диҳанд;
  • Ба Дафтари Аҳдномаи Мэрҳо паёми электронӣ ирсол намуда, ба Комиссия дар бораи қарор оид ба ҳамроҳшавӣ ба ташаббус хабар диҳанд;
  • Иқдомҳои минбаъдаеро, ки дар паёми электронии тасдиқии ба шӯрои шаҳрдорӣ фиристодашуда омадаанд, ба эътибор гиранд.

Кай бояд ҳамроҳ шуд?

Мақомоти маҳаллӣ метавонанд Аҳдномаи Мэрҳоро дар вақти дилхоҳ имзо куннад, зеро ҳеҷ гуна мӯҳлат муқаррар кардда нашудааст. Маросими Аҳдномаи Мэрҳо ҳар сол як маротиба баргузор гашта, дар он шумораи зиёди мэрҳо ширкат меварзанд ва аз муаррифии байналмилалӣ бархурдор мешаванд.

Чаро бояд иштирок кард?

Имзокунандагони Аҳдномаи Мэрҳо якчанд сабабҳои пайвастанба ҷунбишро номбар мекунанд, аз ҷумла:

  • Гирифтани кӯмак барои таъмин кардани муҳити аз ҷиҳати экологӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ устувор барои аҳолии маҳалли худ (хизматрасонии арзони энергетикӣ, таъсис ҷойҳои корӣ, муҳити зисти солим ва ғайра.);
  • Фароҳам овардани зарфияти нави сиёсӣ, маъмурӣ ва молиявӣ дар доираи шаҳрдорӣ барои бартарафсозии мушкилоти умдаи энергетикӣ, иқтисодӣ ва иқлимӣ ба манфиати шаҳрвандон;
  • Эҷод кардан ё таҳким додани динамикаи иқдомот оид ба рушди сабзи иқтисодӣ ва беҳтарсозии сифати зиндагӣ дар ҳудуди худ;
  • Манфиат бардоштан аз таҷриба ва мисолҳои пионерҳои дигар;
  • Мубодила кардани таҷрибаи дар ҳудуди онҳо бадастомада бо дигарон;
  • Муаррифӣ кардани маҳалли худ ҳамчун минтақаи пешқадам дар самти рушди энергияи устувор;
  • Манфиат бардоштан аз тасвиби институтсионалӣ ва дастгирӣ (ИА ва инчунин муассисаҳои он дар Аврупои Шарқӣ, Кавкази Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ);
  • Ҳиссагузорӣ ба коҳиш додани партови СО2 дар ҷаҳон
Twitter
Мубодила тавассути
дастгоҳи мобилии шумо
Facebook
Барои мухлиси
саҳифаи Аҳднома шудан
Номаи ахбор
Обуна ба номаи
ахбори ҳармоҳа
Вурудоти RSS
Дастрас кардани
ахбор дар вақти воқеӣ
Бо дастгирии сиёсии Иттиҳоди Аврупо – DG DEVCO Бо дастгирии сиёсии Иттиҳоди Аврупо – DG DEVCO. Вебсайтро Дафтарҳои Аҳдномаи Мэрҳо ҳамоҳанг мекунанд..
Ахбор | Рӯзнома | Харитаи сайт | Кӯмаки Rss | Қарзҳо | Ҳуқуқӣ